Ҳаким Фузайлов: «Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам»

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар маросими қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019, ки дар шаҳри Абу-Дабии ИМА баргузор гардид, ширкат варзида, аз натиҷаи он қаноатмандӣ изҳор кард.
«Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам. Дар бозиҳои интихобӣ дастаҳо ҳама баробаранд, ба ҷуз дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Урдун, ки дар сабади якум ҷойгир буданд. Дар гурӯҳи мо дастаи сусту заиф нест. Аз ин рӯ бояд бо тайёрии пухта вориди рақобатҳо шавем. Вазифаи мо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 баромадан аст. Боварӣ дорам, ки мо аз иҷрои ин вазифа баромада метавонем»,-гуфтааст Ҳаким Фузайлов ба сомонаи ФФТ.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Филиппин, Яман ва Непал барои ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад.
Аз рӯи таснифот ё худ раддабандии ФИФА Филиппин дар мақоми 117-ум, Яман дар 149-ум ва Непал дар зинаи 181-ум қарор доранд.

khovar.tj