Дар соли 2017 «Тоҷик Эйр» хатсайрҳои нав ифтитоҳ мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар соли 2017 ният дорад ба якчанд самтҳои нав хатсайр ифтитоҳ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ин ширкат Хайрулло Раҳимов иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Хайрулло Раҳимов, ширкат дар нимсолаи якуми соли 2016 парвозҳоро ба самти Душанбе-Пекин-Душанбе бо хизматрасонии ҷойҳои дараҷаи тиҷоратӣ ва инчунин парвозҳоро ба самти Душанбе-Сургут-Душанбе ва Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд роҳандозӣ намуд.
«Дар айни замон дар Ҷумҳурии мардумии Чин ҷашнҳои солинавӣ идома доранд ва парвозҳо муваққатан ба Пекин мавқуф гузошта шудаанд. Аз 27 феврал хатсайр боз фаъол хоҳад гашт»,-илова намуд директори генералии «Тоҷик Эйр».
Хайрулло Раҳимов афзуд, ки ҷамъияти тоҷикон дар Владивосток аз ширкати «Тоҷик Эйр» хоҳиш намудааст, ки ҳафтае як маротиба як хатсайр дар ин самт ифтитоҳ намоянд. Бо ин мақсад ширкат бо шарикони худ гуфтушунид гузаронида истодааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: