Мутобиқи маълумоти сардори Хадамоти ҳифзи шаҳрвандии Италия Анжело Боррелли, тӯли шабонарӯз 427 бемори гирифтори коронавируси COVID-19 фавтидаанд. Ҳамин тариқ, дар ин кишвар шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ 3405 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар Чин, ки пандемия аз он ҷо оғоз ёфтааст, 3245 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Бо таассуф бояд гуфт, ки то ба имрӯз мо 427 ҳолати фавтро сабт намудаем. 415 нафар шифо ёфтанд, ки теъдоди умумии онҳо ба 4440 нафар расид»,- гуфт ҷаноби Боррелли (иқтибос аз «РИА Новости»).
Дар маҷмӯъ, зиёда аз 41 ҳазор итолиёвӣ гирифтори вируси COVID-19 гаштаанд, аз ҷумла онҳое, ки сиҳат шуданд ва фавтиданд, низ ба ин шумора ворид мешаванд. Вилояти Ломбардия вазъияти бадтарини эпидемиявиро ин рӯзҳо паси сар месозад, онҷо тахминан 20 ҳазор ҳолати сироят мавҷуд аст.
Аз рӯи иттилои Кумитаи давлатӣ оид ба масоили тандурустии Чин, тӯли шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Чини материкӣ ягон ҳолати сироят бо коронавирус қайд нагардидааст, ҳамаи 34 сироятшуда шахсонеанд, ки аз хориҷа ба Чин омадаанд.
«Айни ҳол 7263 нафар беморанд, (2314 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд), 70 420 аз беморхона раҳо шуданд ва 3245 нафар ҳалок гаштаанд»,- изҳор намуд хадамоти Чин рӯзи панҷшанбе.
То рӯзи 19 март, дар тамоми олам 218,8 ҳазор бемории коронавируси COVID-19 тасдиқ шудааст, 8,8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, 84 ҳазор шифо ёфтанд.
АМИТ «Ховар»