Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии XIII Жаутиков сазовори 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд

Ҳафт хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии XIII Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ сазовори 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд, аз 11 то 18 январи соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон XIII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он 3 даста Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар олимпиадаи мазкур аз 18 давлати дунё зиёда аз 500 нафар хонанда иштирок намуданд. Натиҷаи ҷамъбасти олимпиада нишон дод, ки 4 нафар хонандаи литсей-интернати «Ҳотам ва П.В» дар шаҳри Душанбе сазовори 1 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ ва хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре ки аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ хабар доданд, дастаи миллии мо дар байни ҳамаи дигар дастаҳо ҷавонтарин буда, асосан аз хонандагони синфҳои 8-10 иборат буд, ҳол он ки барандагони ҷоизаҳо аз дигар дастаҳо хонандагони синфҳои 11-12 буданд.
Ба иштирокчии ҷавонтарини олимпиада хонандаи синфи 8-и ЛИТР Ҳотам ва ПВ ҳамагӣ 0.3 хол нарасид, то соҳиби медали биринҷӣ аз фанни физика гардад.
Ҳамаи барандагони ҷоизаҳои олимпиада аз тарафи Донишгоҳи ба номи Назарбоев ва Донишгоҳи миллии Боку барои таҳсили ройгон даъват шуда, ба онҳо аз тарафи донишгоҳҳои мазкур кафолати пардохти тамоми хароҷоташон ҳангоми таҳсил дода шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: