Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Украина густариш меёбад

Дирӯз Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Виктор Никитюк, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 суҳбат намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар мулоқот Виктор Никитюк пешниҳод намуд, ки шогирдони муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Украина таҷриба омӯзанд.
Ҳамчунин тарафҳо иброз доштанд, ки дар оянда барои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Украина тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

АМИТ Ховар

Tags: