Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Осмонбикаи Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бинои нави таълимӣ, иборат аз 10 синфхона ба истифода дода мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси ноҳияи Восеъ хабар медиҳад.
Бинои нави таълимӣ бо тамоми шароити мусоиди таълимӣ фароҳам буда, синфхонаҳо тавассути системаи ягонаи буғӣ бо гармӣ таъмин мебошанд. Буғхона бо истифодаи ангишт гарм карда мешавад ва барои давраи тирамоҳу зимистон дар муассиса ангишти зарурӣ захира шудааст.
Ҳамчунин дар деҳа аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ ва майдончаи пӯшидаи бозии футболи хурд мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншооти мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ва наврасон ба варзиш бунёд гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов зиёда аз 70 иншооти ҷашнии дорои моҳияти иҷтимоӣ мавриди истифодаи сокинон қарор дода мешаванд.
АМИТ «Ховар»