Вазъи робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар аз мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз мунтазам густариш ёфтани ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, атрофи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, гидроэнергетика, сайёҳӣ ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ибрози назар намуданд.
АМИТ «Ховар»