Соли равон дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби буҷаи маҳалии ноҳиявӣ барои рушди соҳаи маориф 30 млн 910 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад.
Дар иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқии ноҳия барои соли 2017 лоиҳаи буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти хароҷот дар ҳаҷми 46 миллиону 970 ҳазор сомонӣ қабул гардид, ки он нисбат ба соли 2016 6,1 фоиз афзудааст.
Ҳамчунин дар самти маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 30 миллиону 910 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 10 миллиону 892 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 229 ҳазор, хоҷагии манзилию коммуналӣ 818 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои соҳаи кишоварзӣ 258 ҳазору 270 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
АМИТ "Ховар"