Президенти мамлакат: «90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мегардад»

Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Чунин гуфт имрӯз дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар Паёми худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд».
«Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад. Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд»,-зикр намуданд Президенти мамлакат.
«Дар баробари ин, мунтазам зиёд шудани нархи доруворӣ низ мушкилоти соҳаи тандурустӣ гардидааст. Бо назардошти он, ки зиёда аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мегардад, танзими арзиши доруворӣ, сарфи назар аз мураккабии он, масъалаи бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муҳимест, ки ба беҳшавии дастрасӣ ва паст шудани нархи он мусоидат менамояд»,-иброз намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Tags: