23 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.
Аз сатҳи рушду густариши ҳамкорӣ, ки бо талошҳои муштарак ба даст меоянд, изҳори қаноат карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таҳкими муносибатҳои стратегию шарикӣ бо Ҷумҳурии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо боқӣ хоҳад монд.
Ҷонибҳо рушди бемайлони ҳамкории гуногунҷанбаро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ - техникӣ ва гуманитарӣ омили муҳими таъмини сулҳу субот дар минтақа арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкиму густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, ҷалби сармоя барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, фаъолияти корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба хотири содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин ва дигар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки гардиши мол байни кишварҳо дар семоҳаи аввали соли 2016 беш аз 200 миллион долларро ташкил дод ва изҳори умед карда шуд, ки бо талошҳои якҷоя мумкин аст, ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллар расонда шавад.
Дарёфти роҳҳои маблағгузории сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Кулоб - Хоруғ - Кулма – Қошғар, маблағгузории лоиҳаҳои нави бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва дигар тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиди хатарҳои замони муосир ва дарёфти роҳҳои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзада баррасӣ карда шуд.