Нишастҳои матбуотӣ даҳаи аввали моҳи январ оғоз меёбанд

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2016 аз 9 январи соли оянда оғоз шуда, то 6 феврал идома меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки нишастҳои матбуотӣ барои расонаҳои хабарӣ, ВАО, журналистони ватаниву хориҷӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 инҷониб баргузор мешаванд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз натиҷаи фаъолият дар давоми сол  ҳисобот дода, ба саволҳои журналистон ҷавоб мегӯянд.
Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуотии АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ -40, ошёнаи 2) баргузор мекунанд.
 

Tags: