Имрӯз дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани барф пешгӯӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе ҷойҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 9 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 2 то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ бориши борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: