28-29 апрел барномаҳои рангини фарҳангӣ сокинону меҳмонони пойтахтро интизоранд

28-29 апрели соли равон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 28  апрел ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳфили ҳаҷвнигорони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Ориёно» ва Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе дар  Боғи «Ирам», бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  дар Боғи «Рӯдакӣ», Коллеҷи техники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар Майдони 800-солагии Москва ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мекунанд.

Ҳамчунин 29 апрел Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» дар Боғи «Ирам», Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе» дар Боғи «Дӯстии халқҳо», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Боғи устод «Рӯдакӣ», Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ эстетикии кӯдакону ҷавонон  дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валамадзода»  дар Майдони 800-солагии Москва ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Боғи «Парчами давлатӣ» муваззаф гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳо соати 18:00 баргузор карда мешаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: