Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхона, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар шаҳри Кӯлоб ба 25 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра бартараф шуд. Дар мактаб беш аз 30 нафар ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб гардидаанд.

Бино дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” сохта шудааст.

Масоҳати иншооти нави соҳаи маориф 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун” дар муҳлати муайянгардида бо риояи талаботи муосир бунёд гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 бинокори маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.

Бинои иловагии муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ, ки бо истифода аз ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст мебошад ва ин низоми каммасраф дар мавсими сардиҳои зимистон барои бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо мувофиқ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин даргоҳи маърифат омӯзгоронро барои равона намудани тамоми малакаву таҷрибаи кордонӣ ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.

Tags: