Даъвати ансамблҳои рақсии Тоҷикистон ба чашнвораи IX байналмилалӣ дар Чеченистон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ҳунарпешаҳои касбии рақсӣ ва ансамблҳои рақсии Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷашнвораи IX байналмилалии рақс ба номи Маҳмуд Эсамбоев даъват менамояд. Ҷашнвора аз 15 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Грознии Чеченистон баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон, мақсад аз баргузории фестивал-озмун таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳо, оммавигардонии санъати рақси халқҳои Федератсияи Россия ва кишварҳои хориҷӣ, ҳифзи анъана ва санъати рақсии халқҳои гуногун, дарёфти чеҳраҳои нав, дастгирии гурӯҳҳои рақсии амалкунанда ва ҷалби ҷавонон ба санъати хореографӣ мебошад.
Хоҳишмандони иштирок дар ин озмун бояд аз 15 август то 15 сентябр варақаи дархостиро ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: