Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ифтитоҳ гардид

 Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин имрӯз, 16 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз хориҷи мамлакат, роҳбарият ва намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва дигар вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Парчами синамоҷашнвора ҳамчун рамзи ифтитоҳи ин ҷашнвораи бузург бо иштироки давлатҳои иштирокчӣ барафрохта шуд.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин синамоҷашнвора баргузор мешавад.


Дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилаливу минтақавӣ  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Комиссияи интихоби филмҳо  таъсис ёфт.

Он дар муддати як моҳ филмҳои пешниҳодшуда аз давлатҳои Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Маҷористон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Молдова, Фаронса ва Тоҷикистонро барои озмунҳои Синамоҷашнвора мавриди баррасӣ  қарор дод.


Ҳамин тавр, аз байни 200 дархости пешниҳодшуда 70 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 18 филми ҳунарии пурра ва 8 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар  озмунҳои синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд. Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон ҳакамони байналмилалӣ даъват шудаанд.

Кори ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора аз ду гурӯҳ: ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии  кӯтоҳ  иборат буда,  бо қарори Кумитаи тадорукот  ҳайати ҳакамон бо шумули   муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажуҳишгарони фарҳанги  синамоӣ  ва намояндагони санъати синамо таъсис дода шуд.

Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва ҳакамони  филмҳои ҳунарии кӯтоҳ 4 нафар  ҷалб гардидаанд.


Бояд гуфт, ки ҷоизаҳои Синамоҷашнвора аз Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ,  Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона», Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», Ҷоизаи махсуси ҳакамон, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва  Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» иборат мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» дар Душанбе то 19 октябр идома меёбад.

Tags: