Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр таҷлил мегардад, дар толори Галереяи санъати муосири «Душанбе Мол» дар доираи Рӯзи дарҳои бози сайёҳии Пекин таҳти унвони «Пекини дилрабо» намоиши расмҳо ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати сайёҳии «Олами саёҳат» ва ширкати сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Бюрои мунисипалии фарҳанг ва туризми Пекин» аз созмондиҳандагони ин барномаи фарҳангӣ буда, дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, инчунин масъулини субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар назди иштирокдорони ҷамъомад муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва намояндаи «Бюрои мунисипалии фарҳанг ва туризми Пекин» Пэн Либо доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, инчунин роҷеъ ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати ҳамсоя дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, энергетика ва туризм ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чин тӯли солҳои охир беш аз пеш дар соҳаҳои мухталиф, хусусан туризм, ки ҳар ду давлат дорои захираю иқтидори бои туристӣ мебошанд, густариш меёбад. Бахусус нақши барномаи «Як камарбанд, як роҳ» дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чин махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки ҳадафи ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба Тоҷикистону Чин, муаррифии имконияту захираҳои бои туристии ҳар ду давлат мебошад.
Баъди ҷамъомади фарҳангӣ намоиши расмҳо таҳти унвони «Пекини дилрабо» ифтитоҳ гардид, ки дар он маконҳои таърихию бостонӣ ва сайёҳии яке аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон –Пекин таҷассум ёфта буданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»