Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои муайян гузоред, то ки барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод накунед!

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  шурӯъ аз рӯзҳои аввали моҳи декабри соли 2017 дар ҷумҳурӣ боришоти борону барф дар назар дошта шудааст. Дар  ин рӯзҳо дар пойтахт- шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва   боридани борону барф  пешгӯӣ шудааст.

Дар робита ба ин Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба шаҳрвандон муроҷиатнома қабул кардааст. Дар он чунин омадааст:

-Шаҳрвандони муҳтарам! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо назардошти он, ки рӯзҳои аввали моҳи декабр дар пойтахт  боришоти барфу борон дар назар дошта шудааст,  аз ҳамаи  сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати фаъолияти бемонеаи техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳ ва дигар ҷойҳои номуайян, бахусус истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нагузоранд. Зеро воситаҳои нақлиёти дар ҷойҳои номуайян гузошта барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод мекунанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: