Вобаста ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз якуми октябри соли равон чорабиниҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона оғоз ёфтанд.
Дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябр мақомоти вобастаи даъват дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун даъватҳои пешин ин навбат низ масъулин аввалин шуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дода, ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва сатҳу сифати баланд дар нахустин рӯзи даъват ба анҷом расониданд.
Бо гусел намудани гурӯҳи аввалини ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва сипарӣ гардидани 10 рӯз аз ин маъракаи муҳими давлатӣ нақшаи даъват дар вилояти Хатлон беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда хубу назаррас мебошад. Зеро дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 натиҷаи он дар ҳудуди ин вилоят 54 фоизро ташкил медод.
Дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43 фоизро ташкил медиҳад, ки иҷрои нақша дар маъракаи даъвати навбатӣ нисбат ба ҳамин давраи даъвати тирамоҳии соли 2022 зиёдтар мебошад.
Ҳамин тавр, дар муддати 10 рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2023 нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45 фоиз иҷро гардид. Вобаста ба натиҷаҳои даъват дар пойтахт гуфтан зарур аст, ки масъулин ҳамасола ва дар ҳар мавсими даъват ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати сазовор зоҳир намуда, нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро менамоянд.
Аз маҷмуи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод аввалин шуда, нақшаро пурра иҷро намудаанд. Ин ноҳияҳо давоми чандин соли охир аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар баробари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалин иҷрокунандагони нақшаи даъват мебошанд. Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давоми даҳ рӯз 65 фоизро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ давоми 10 рӯзи ташкилу баргузории чорабиниҳои даъватӣ ва гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинигардида дар даъвати тирамоҳӣ 55,4 фоиз иҷро гардида, дар умум 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.