ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. «Истиқлол» ба муқобили ҳамдастаҳои Криштиану Роналду бозии арзанда намуд

 Шаби 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар қисми аввали бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи дастаи футболи «Истиқлол»-ро ба нишон расонид. Ин аввалин голи дастаи «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешуд.

Қисми дуюми бозӣ комилан ранги дигар гирифт. Ситораи асосии дастаи футболи «Ал-Наср» — Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ: 1 бар 1 намуд. Ин голи аввали Роналду дар Лигаи чемпионҳои Осиё буд. Бо гузаштани 6 дақиқа бозингари бразилӣ Андерсон Талиска бо сар тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд.

Дар дақиқаи 77-уми бозӣ пас аз бозии хуби Ғариб ва Талиска дар канори рост ҳисоб 3 бар 1 гардид. Талиска бо зарбаи қавӣ голи дуюмашро дар ин вохӯрии ҷолиб ба нишон расонид.

Инчунин дар бозии дигари гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0 бар 1 аз дастаи «Персеполис»-и Эрон мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё 24 октябр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бо дастаи «Персеполис»-и Эрон ва дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар ҳамин рӯз дар сафар бо дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар вориди майдон мешаванд.

Tags: