Бо қарори Раиси вилояти Суғд соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус қабул карда шуд.
Дар ин бора дирӯз зимни баргузории иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни муаррифии барномаи мазкур таъкид дошт, ки мақсад аз эълони «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», пеш аз ҳама, дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ буда, он дар партави қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»