«РӮЗИ МАКТАБ» ДАР БАДАХШОН. Ҳадафи он тақвият додани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аст

Дар мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Рӯзи мактаб» эълон гардид ва тамоми кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобастагардида ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ рафта, бо муҳассилин вохӯрию суҳбат намуданд. 

Чорабиниҳои мазкур дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ  шуда, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳамзамон ба самти пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии ин табақаи ояндасози ҷомеа равона шудаанд.

Зимни баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони милитсия доир ба масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши илмҳои муосир, соҳибкасб гардидану дар оянда ба нафъи мардуми мамлакат хизмат намудан, дурӣ ҷустан аз оворагардию беҳудагардӣ, арзиши олӣ доштани муқаддасоти Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ сухан гуфтанд.

Ҳамзамон кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар мавзуъҳои риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва озмунҳои “Чароғаки роҳнамо”тадбирҳои профилактикӣ доир намуданд.

Дар зимн аз муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва аҳли ҷомеа даъват шуд, ки нисбат ба ояндаи ноболиғону ҷавонон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Tags: