Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, бо номи «Вазъи иқлим» гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.Ин иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дирўз, 20 сентябр садо доданд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд ва яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад. Офатҳои вобаста ба иқлим дар шакли ярч, сел, обхезӣ, хушксолӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон ҳамасола ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти инфрасохторӣ мешаванд.
«Дар ин замина, Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ба мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ дар татбиқи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид — “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” мебошад.Дар ин ҷода мо омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва сохторҳои тахассусии он иброз медорем»,-тазаккур додан Пешвои миллат.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо мекунад.