ВКД ҶТ ба сокинони Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлолият майдончаи варзишӣ тақдим намуд

Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи М. Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишию солимгардонӣ ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи он муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода, сокинони маҳалла ва фаъолон иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, айвону нишастгоҳҳои замонавӣ барои сокинон, майдончаҳои бозии футбол, волейбол ва баскетбол баҳри ҷавонону наврасон ва таҷҳизоти гуногуни бозӣ барои дилхушии кӯдакон аз қисматҳои асосии ин майдончаи солимгардонӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, майдончаи варзишӣ бо маблағи 789 ҳазор сомонӣ аз тарафи Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ сохта шуда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ба сокинони кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Сино дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ туҳфа гардид.

АМИТ "Ховар"

Tags: