Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани рӯйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасонии машваратӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ (TSA) ва нақшаи Рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 аз ҷониби мушовирони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид пурра омода гардида, ба Кумита пешниҳод шудааст. Инчунин озмуни ширкатҳои машваратӣ ҷиҳати таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он (CS4a) ва Нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон (CS4b) оғоз гардид, ки моҳи октябри соли 2023 ба анҷом мерасанд. Дар заминаи анҷоми таҳияи нақшаҳои генералӣ тарҳи муҳандисӣ барои омода намудани чор лоиҳаи сармоягузорӣ (CS4c) барои солҳои оянда пешбинӣ шудааст. Дар айни замон татбиқи лоиҳаи мазкур тибқи нақшаи мувофиқашудаи Бонки осиёии рушд идома ёфта, муҳлати анҷоми татбиқи он 25 июни соли 2025 муқаррар шудааст.
Дар баробари ин, лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30,0 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст, ки аз он 15,7 миллион доллари ИМА ба рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»- и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дошта, дар он масъалаҳо вобаста ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мавзеи таърихиву табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳҳои Қалъаи Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон дар доираи ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Испания ва Узбекистон шомили Кумита оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 гардид. Ин муваффақият барои мавқеи Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СУС нақши муҳим мебозад.