Талаботи умумӣ ба тилло, аз ҷумла ҷараёнҳои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 2460 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% афзудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) маълумот додааст.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки ба истифодаи тилло хариди рекордии бонкҳои марказӣ, шароити мусоиди сармоягузорӣ ва талаботи устувор ба ҷавоҳирот таъсири мусбат расонидааст.
Тибқи маълумоти Шурои ҷаҳонӣ оид ба тилло, бонкҳои марказӣ афзоиш додани захираҳои тиллоро идома додан два зимнан ҳаҷми харид дар давраи ҳисоботӣ ба 387 тонна расид.
Инчунин мувофиқи маълумоти Шурои ҷаҳонии тилло, ҳаҷми истихроҷи тилло дар шаш моҳи соли равон сатҳи рекордиро нишон дода, ба 1781 тонна расидааст.