Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Тоҷикистон доир шуд

Дар  шаҳри Душанбе  ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2040» баргузор гардид.  

Бояд гуфт, ки «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, тамоми паҳлуҳои масъалаҳои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро фаро гирифта, самти асосии он коҳиш додани омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (БҒС) тавассути пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳо мебошад.

Мақсади дурнамои мазкур таҳия ва татбиқи системаи самараноки байнибахшӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани нақши пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли вазифаҳои сиёсию иҷтимоӣ бо дарназардошти аҳамияти он дар мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, иқтидори қувваҳои корӣ, мусоидат ба мубориза бо камбизоатӣ, инкишофи иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сифати ҳаёти тамоми аҳолӣ равона  шудааст.

Дар ин раванд соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Татқиқоти «Паҳншавии омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ» (STEPS) дар байни калонсолони синни 18-69-сола (2718 нафар) бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) гузаронида шуд.

Дар идома иштирокчиён доир ба ҳадаф ва мақсади таҳияи стратегияи мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Tags: