Дар Алҷазоир ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок кард

29 январ дар доираи сафари кории ҳайати  парлумони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок намуд.  

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ҷаласа Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парлумонҳои Қазоқистон, Бангладеш ва Туркия аъзои комиссияи иқтисодии Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ интихоб гардид.

29 январ ҳамчунин ҷаласаи кумитаи умумии Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он низ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз байн бурдани фақру нодорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ дар қаламрави  давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ — ин тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни  мамлакатҳои аъзо ва иҷрои барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Созмон ба ҳисоб меравад.

Tags: