Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2479 нафар шаҳрвандони кишварро, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ аст, дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин намуданд.
«То 4 октябри соли 2016 дар рӯйхати манъшудагон 304 ҳазору 083 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд. Рӯйхати мазкур сари вақт ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас карда шуд. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳаё карда шудааст, ки дар маҳали зисти худ- пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ном ва насаби худро ба тариқи ройгон санҷанд»,-зикр кард манбаъ.
«Ҳангоми санҷиши шиносномаи шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 34 ҳазору 285 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд»,-илова кард манбаъ.
АМИТ «Ховар»