10 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши «Тоҷикистон-Россия: муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи форум намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Россотрудничество», муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
«Ҳамкории фарҳангӣ бо Россия анъанавӣ ва ғанӣ буда, мо ба рушд ва таъмиқи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем», — гуфт муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён.
Ба зикри ӯ, ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона миёни ду кишвар ба самти мусбат рушд карда, миёни ҳукуматҳо бисёр санадҳои муҳим ба имзо расидаанд. Шаклҳои асосии ҳамкорӣ дар ин самтро ӯ барномаҳои сайру намоишӣ, лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ ва таълимӣ, омӯзиш, инчунин дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангии русзабонон дар ҷумҳурӣ номид. «Дар Тоҷикистон фарҳанги аслии миллии мардуми русро, ки бо гуногунрангии этникии худ машҳур аст, хуб медонанд, дӯст медоранд ва қадр мекунанд. <…> Муколамаи байнифарҳангӣ миёни Россия ва Тоҷикистон бояд тавассути маориф, илм ва фарҳанг, ҳифзи мероси муштараки фарҳангии кишварҳоямон сурат бигирад ва баргузории чунин ҳамоишҳо ба равандҳои ҳамгироӣ миёни кишварҳоямон мусоидат мекунад», — таъкид кард Назариён.
Дар ин ҷо инчунин намоишгоҳи Осорхонаи этнографии Россия «Ҷаъбаи ҷавоҳирот. Ороиши анъанавии халқҳои Россия» ифтитоҳ гардид. Ба гуфтаи директори осорхона Юлия Купина, маҳз осорхонаҳо нигаҳбони мероси бузурге мебошанд, ки ояндаро таъмин мекунад. «Дар намоишгоҳ осори ҳунарҳои мардумони мухталифи муқими қаламрави Россия ба маърази тамошо гузошта шудааст», — гуфт ӯ ва афзуд, ки аллакай бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон лоиҳаҳои муштарак баррасӣ мешаванд.
Дар навбати худ Сафири Россия дар Тоҷикистон Семён Григорйев изҳор дошт, ки ҳамкории фарҳангии ҳарду кишвар заминаи хубест дар шакли ҷомеаи фарҳангӣ ва гузаштаи муштараки таърихӣ, анъанаҳои наздики фарҳангӣ. «Ифтитоҳи намоишгоҳи имрӯза боз як имконест, то ба сарватҳои фарҳангии Россия ва наздикии халқҳои мо назар андозем, бори дигар хулоса кунем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи мо имрӯз хуб буда, ояндаи дурахшон дорад», — таъкид кард сафир.
Форуми Тоҷикистон ва Россия дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар баргузор шуд. Барои баргузории он дар ҷараёни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Россия Олга Любимова охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Маскав тавофуқ ҳосил шуда буд.
Ба ҳайати Россия бо сардории муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Преподобная вазирони фарҳанги Бошқирдистон ва Бурятия, ректорони ГИТИС (Институти санъати театрии Россия), донишкадаҳои фарҳангӣ, консерватория, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии Федератсияи Россия шомиланд. Дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии минтақаҳои Россия оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар соҳаи фарҳанг баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкории байниминтақавӣ ва байналмилалии ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш миёни киностудияҳо ва филармонияҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
«Ҳуҷҷатҳои имзошуда аллакай нақшаҳои воқеӣ барои ояндаи наздик мебошанд», хабар дод ба ТАСС муовини вазири фарҳанги Россия, роҳбари ҳайати Россия Надежда Преподобная дар форум. Ба гуфтаи вай, намояндагони Бошқирдистон худро фаъол нишон дода, давоми ду рӯз якҷоя бо ҳамкорони тоҷики худ нақшаҳоро муайян кардаанд. «Ин аз он бармеояд, ки муассисаҳои фарҳангии Бошқирдистон аллакай санадҳои расмӣ оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистонро имзо кардаанд ва ман бовар дорам, ки ин намунаи хуб хоҳад буд. Мо ҳам муассисаҳои зертобеъ ва ҳам минтақаҳоро овардем ва имкон пайдо мешавад, ки дар бораи иқтидори минтақаҳои Россия маълумот гирем. Ман фикр мекунам, ки мо ҳавасманд мешавем ва боз бисёр ҳуҷҷатҳои ба ин монанд амалӣ карда мешаванд»,- афзуд ӯ.
Дар маросими имзои созишнома Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-и Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва «Студияи Бошқирдистон» ба номи ба номи С. Абдразоқов Юнир Аминев, инчунин роҳбарони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. А.Ҷӯраев Кароматулло Раҳимзода ва филармонияи ба номи X. Ахметов аз Бошқирдистон Илшат Фахертдинов иштирок намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»