Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати таҷлили санаи қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд, бахусус озодии андешаю баён дар ВАО бо назардошти манофеъи миллӣ дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ сухан кард. 

Сипас меҳмонони даъватшуда -  мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қодиров Ҷӯрабек ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Сангинзода Дониёр баромад намуда, оид ба марҳилаҳои гуногуни таърихи қабулу татбиқи конститутсияҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.

Зикр шуд, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти бештар аз 2000 таклифу дархостҳои мардум, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумимиллӣ бори аввал бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз шоҳроҳи миллати моро ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав муайян сохт.

Боиси қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар интиҳои љаласа маърӯзачиён ба суолҳои ҳозирин оид ба механизми таҳия ва қабули қонунҳои конститутсионӣ ва дигар масъалаҳои ба мавзӯъ марбут посух доданд.

Котиби матбуоти Кумита

Иброҳим Аҳмад

 

Tags: