Нақши телевизион дар таҳкими худшиносии миллӣ

Асри ХХI-ро асри телевизион ва телекоммуникатсия номидаанд, ки робитаи байни инсонҳо ва олам аз тариқи он сурат мегирад. Телевизион ба ҳаёти одамон мустаҳкам ворид шуда, ба истилоҳ, як узви оила шудааст, ки на танҳо тасаввуроти мардум нисбати олам, навигариҳо,  арзишу интихоб, тарзи ҳаёти одамон ва ҷаҳонбинии онҳоро ташаккул медиҳад.
 
Боиси таъкид аст, ки то ба нашр расидани монографияи Назира Сарфарозова дар мавзуи “Нақши телевизион дар таҳкими худшиносии миллӣ” аз ҷиҳати фалсафӣ, хусусан фалсафаи иҷтимоӣ, ягон таҳқиқоти ҷиддие дар мавриди мавҷудияти телевизион дар фазои иттилоотиву фарҳангии тоҷик мавҷуд набуд. Бештар аз ин, шумораи таҳлилҳои фалсафӣ оид ба робитаи фазои иттилоотӣ, таъсири воситаҳои ахбори умум ба афкори омма, хусусан ташаккули худшиносии миллӣ, ба нудрат ба назар мерасад. Аз ин ҷиҳат, бо итминони комил метавон монографияи мавриди назарро аввалин таҳқиқе дар соҳаи таҳлили фалсафии нақши ахбори умуми омма дар ташаккули фарҳанги миллӣ номид.

Ҳоло соҳаи телевизион дар Тоҷикистон ба яке аз соҳаҳои вусъату густаришёбандаи фарҳанги миллӣ табдил ёфта, шабакаҳои зиёди он ба қишру синну соли гуногун, машғулиятҳои мухталифи ҷомеаи тоҷик равона шудаанд. Рисолати дигари телевизион иборат аз он аст, ки ба таври аёнӣ ҳастии моддиву маънавии миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Муаллифи монография худ мутахассиси варзидаи соҳаи телевизион аст ва беҳтар аз ҳама аз равандҳои муосир огоҳ буда, тавонистааст онро таҳлил намояд.

Ҳамчун яке аз афроди фаъоли ҷомеаи муосир Назира Сарфарозова раванду падидаҳои ҷомеаро бевосита мушоҳида карда, ба ҳайси муҳаққиқ, онҳоро таҳлили сотсиологӣ намуда, ба хулосаҳои илмӣ ноил гардидааст. Ин хулосаҳо натиҷаи таҳлилу пажӯҳишҳои тулонии огоҳонаи муаллиф буда, бунёди қавии илмӣ доранд ва дар заминаи таҳлили ҷавҳар ва мазмуну мундариҷаи мафҳумҳои “тафаккури миллӣ” ва “худшиносии миллӣ”, муқоисаи он бо пурсишҳои сотсиологӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ таҳия гардидааст.

Муаллиф ин масъалаи мушкили иҷтимоиро бо гузориши як идда саволҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад, ки онҳо барои ошкор кардани хусусиятҳои ташаккули худшиносии миллӣ кумак менамоянд. Ӯ таъкид менамояд, ки воситаҳои ахбори умум бояд яке аз дастгоҳҳои ташаккул додани худшиносии миллӣ бошанд ва аз ин мавқеъ мушкилоту дастовард, давраҳои таърихии онро тақсимбандӣ кардааст. Дар монография хеле хуб нишон дода шудааст, ки нақши намояндагони барҷастаи таърих, фарҳанг ва илми миллӣ ва намояндагони муосири фарҳангу тамаддуни он дар ташаккул ва такомули худшиносии милливу тафаккури миллӣ хеле бузург мебошад.

Барои хонандаи имрӯза, ки, воқеан, талабгори дониши муосир ва огоҳӣ аз роҳҳои пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз худ кардани таҷрибаву донишҳои муосир аст, агар вазъи ҳамкориву ҳамгироии ҷомеа бо фазои иттилоотиро фаҳмидан хоҳад, бояд ҳатман монографияи мазкурро мутолиа намояд.

Муҳиба Маҳмадҷонова,
доктори илмҳои фалсафа

Манбаъ: Сомонаи www.jumhuriyat.tj