НЕК АНДЕША КУНЕД! Муроҷиат ба мардуми Қирғизистон

ТВТ.23.09.2022. Табиист, ки ҳар миллат дар таърихи гузаштаи худ рӯйдод ва санаҳои хотирмон ва муҳимме дорад, ки аз онҳо сабақ барои имрӯзу ояндаи худ мегирад.

Бахусус, чанд рӯз аст, ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва бофарҳанги миллати тоҷик зери лаҳзаҳои ҳузнангези воқеаҳои рӯзҳои охир дар марз бо Қирғизистон қарор гирифтааст, ки онро бо забону қалам тасвир кардан барои миллати воқеан солиму бохирад хело душвор аст.

Биноан, мардуми қирғиз фаромӯш набояд кунанд, ки ин сарзамини биҳиштосо — Тоҷикистон абармандонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш аз рӯзи азал бо иродаи қавӣ, хираду заковат, донишу фазилат, ҷаҳонбинӣ ва далерию шуҷоат миллатро аз ҳуҷумҳои қавму қабилаҳои гуногун дифоъ ва эмин нигоҳ доштаанд, ки бинобар риояву эътирофи меъёрҳои умумибашарии ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳар як давру замон боиси эҳтирому таваҷчуҳ ва ситоишу қадрдонӣ аз ҷониби дигар қавму миллатҳо гардидааст.

Таърихи башар баёнгари он аст, ки чи гуна халқи бо нангу ори тоҷик аз лиҳози тамаддуну фарҳанг, ҳуввият, арзишу анъана, каҳрамонию диловарӣ, инсондӯстӣ ва дигар хусусиятҳои давлатдорӣ соҳибимтиёз аст.

Бодо сипос Эзиди якторо, ки имрӯз низ халқи соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳҷӯёнаву созанда меросбари чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллати хеш мебошад.

Саҳнасозию фитнабозии гурӯҳҳои манфиатҷӯйи кишвари ҳамсояи Қирғизистон, алалхусус роҳбарияти имрӯзаи онҳо дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳамлаҳои ноҷавонмардонаю хиёнаткоронаи низомиёни давлати ҳамсоя зери роҳбарии афроди бесаводу кӯтоҳандеш, бетаҷриба ва манфиатдору шӯҳратпараст ба сарҳади ҳамсоякишвар ин худ нишонаи ҳанӯз ҳам дар ҷаҳолат қарор доштан ва ҷаллодии ин қавмро бозгӯй мебошад.

Маҳз дар ин рӯзҳои пурпечутоби исёнгарони замон Президенти мамлакат ба хиради азалии мардум, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавию далеронаи миллати тоҷик арҷгузорӣ намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанду ба хотири ҳифзу ҳимояи марзу буми Меҳан ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат тамоми тадбирҳои оқилонаю хирадмандонаро андешида истодаанд.

Гузашта аз ин, бо истифода аз эътиқод ба арзишҳои муқаддас ва баъдан ба сафҳаҳои дурахшони таърихи миллат ва қаҳрамонию диловарии гузаштагонамон ҳарчи бештар такя карда, исбот менамоянд, ки бинобар риояи маҷмӯи меъёрҳои пазируфташудаи умумиинсонии тамоми халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳама гуна масири ватансозиву ватандорӣ, ақоиди башардӯстона дуруст ва бомуваффақият мебошад ва аз ҳама муҳим номи мардуми соҳибхиради тоҷик дар таърихи башарӣ ҷовидона бо ҳарфҳои заррин зери сиёсати дурандешонаю хастанопазиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт мегардад.

Аз ин рӯ, муроҷиату тавсияҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ба шаҳрвандони Қирғизистон ин аст, ки дар фурсати муносиб фориғ аз корҳои дигар ба омӯзиши таъриху сарнавишти миллати тоҷик, симоҳои барҷаста, ғурури миллӣ, осори чеҳраҳои бузурги адабии ин миллат ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат маълумот гиранд ва аз тақдири ояндаи миллати худ андеша кунанд ва аз ҳар гуна дасисаву амалҳои тарҳрезидашудаи фоҷеабори инсонӣ, иғвоангезона ва дигар кирдорҳои ношоиста даст кашанд.

Тавре яке аз фарзандонаи барӯманди миллати тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ фармудааст:

Ин дурушт асту ғализу нописанд,
Нек андеша кун, эй андешаманд.

Шермуҳаммад РАҲИМ

Манбаъ: "АМИТ Ховар"

Tags: