Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Имрўз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳизиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфта, доир ба моҳият ва аҳаммияти истиқлолияти давлатӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ва нақшу вазифаҳои ВАО, бахусус, телевизион ва радиои давлатӣ дар ташаккул ва таҳкими арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуд.

Нуриддин Саид истиқлолият ва озодиро дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оѓози марҳалаи сифатан нави таърихӣ номида, афзуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ миллати мо имкон пайдо кард, ки дастовардҳои таърихии худро эҳё намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои асосиии давлатдорӣ, ватандўстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор гузорад.

Зикр шуд, ки маҳз аз файзу баракату нерўи истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем барои расидан ба ҳадафҳои муҳимми стратегиамон устуворона қадам ниҳода, фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳо рўз то рўз тақвият бахшем.

  • Дар ин замина,- изҳор намуд раиси Кумита, - бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки ѓояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии халқи бонангу номуси тоҷик ба ҳисоб мерафт.

Таъкид гардид,ки дар шароити муосири давлатдории миллиамон бешубҳа метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сўйи зиндагии орому осуда, эъмори давлати соҳибихтиёр роҳи васеъ кушояд. Дар иртибот бо ин яке аз беҳтарин дастовардҳое, ки дар заминаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ба даст омад, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдориро муайян намуд. Дар моддаи аввали ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуда, Тоҷикистон бо иродаи мардуми шарафмандамон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Зимни суханронӣ, Нуриддин Саид ҳамчунин таъкид намуд, ки истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф рушди устувор ва босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин карда шавад.

Дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба натиҷаҳои баланд дастёб гардид.

Ба таърихи рушду ташаккули соҳаи телевизион ва радиои миллӣ дахл намуда, раиси Кумита ёдовар шуд, ки “баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии мамлакат соли 1999 дар заминаи Гуфторҳо барои сокинони шаҳри Душанбе шабакаи мустақими «Садои Душанбе» таъсис ёфт, ки таҳаввулоти назаррасе дар радиои тоҷик мебошад. Бо назардошти мукаммалсозии фазои иттилоотии мамлакат аз соли 2005 таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шабакаҳои радиоӣ дучанд афзуд. Дар сохтори Радиои Тоҷикистон ду шабакаи нав – радиои «Овози тоҷик» (2007, бурунмарзӣ) ва радиои “Фарҳанг” (2008) таъсис ёфт, ки пахши барномаҳоро бо 8 забон: тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ, русӣ, узбекӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ихлосмандони фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик шурўъ намуданд.

Ҳоло чор шабакаи радиои ҷумҳуриявӣ: Радиои Тоҷикистон, «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва “Фарҳанг” дар як шабонарўз бо ҳашт забон 96 соат барнома таҳия ва пахш намуда, дар тарбияву ташаккули афкори ҷомеа ва таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ нақши муассир мегузоранд.

Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти иттилоотии мамлакат дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар баробари шабакаҳои радиоӣ телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки дар аввал танҳо аз як шабака иборат буд ва дар як рўз ҳамагӣ аз 6 то 8 соат барнома пахш мекард, ба таҷдид, бозсозӣ ва ба таҳаввули бунёдӣ рў ниҳод.

Дар муддати кўтоҳ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», соли 2006 Муассисаи давлатии “Телевизиони кўдакону наврасон – “Баҳористон” ва соли 2008 Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъсис дода шуд, ки фазои иттилоотии ҷумҳурӣ боз ҳам мукаммал гардид.

Бо мақсади тарбияи наврасон дар рўҳияи дуруст ва таъмини амнияти ииттилоотӣ яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат 1 августи соли 2006 барои кўдакону наврасони мамлакат телевизиони махсус – Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - «Баҳористон» таъсис дода шуд.

Қайд карда шуд, ки соли 2016  дар соҳа якбора се муассисаи нав: муассисаҳои давлатии телевизонҳои “Синамо”, “Варзиш” ва “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода шуд.

Илова бар ин, бо мақсади ҷалби насли наврасу ҷавони мамлакат ба фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологӣ ва ба хотири мукаммалсозии фазои мафкуравию таъмини амниятии иттилоотии ҷумҳурӣ 25 августи соли 2020 телевизиони нави соҳавӣ – Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъсис дода шуд, ки 14 апрели соли 2021 ба фаъолият шурўъ намуд.

Бо мақсади рафъи норасоиҳо, таъмини талаботи аудитория, ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат аз ҳар гуна хабару маълумоти ѓаразнок соли 2021 ду шабакаи нави телевизионӣ – муассисаҳои давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Шаҳнавоз” таъсис дода шуд. МД телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” 16 ноябри соли 2021, ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 1 апрели соли 2022 ба фаъолият шурўъ намуданд, ки  мақсад аз таъсиси он тарѓибу ташвиқи мусиқии асили миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфузи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ мебошад.

Раиси Кумита нисбат ба расонаҳои давлатӣ зиёд будани расонаҳои иттилоотӣ ѓайридавлатиро яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки фаъолияти ин расонаҳо новобаста ба шакли моликият дар ҳамбастагӣ барои комилсозии фазои иттилоотии мамлакат ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Сипас як зумра кормандони сохторҳои Кумита барои собиқаи арзанда ва натиҷаҳои назаррас дар фаъолият бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Аълочии телевизион ва радио”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Tags: