Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумита Қосим Роҳбар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2017 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита барои соли 2018 сухан гуфта, иброз дошт, ки баҳри иҷрои самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” кормандони Кумита самаранок меҳнат мекунанд.
Қосим Роҳбар зикр намуд, ки бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 инчунин 22 марти соли равон чорабиниҳои вобаста ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз меёбанд.
Иқдоми мазкур барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ тавассути ривоҷи ҳунарҳои халқӣ ва истифодаи босамари захираҳои об дар маҳал, дар Кумита гузаронидани суҳбатҳои “мизи мудаввар” бо ҷалби олимони бостоншиносу донандаи таърихи ниёгон ва сарватҳои табиии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, натиҷаи он барои пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳал дар давоми соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.
АМИТ "Ховар"