Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Қазон иштирок намуд

ТВТ.03.09.2022. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки  27-30 август  дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур 30 нафар ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иштирок намуданд.

Ҳамоиш дар доираи барномаи байналмилалии «Қазон — пойтахти ҷавонони СҲИ-2022» доир гардида, дар он зиёда аз 300 нафар намояндагони беш аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дар доираи ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо намояндагони расмии кишварҳои ширкаткунандаи ҳамоиши байналмилалии ҷавонон  мулоқот анҷом дод.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои марбут ба  муҳоҷирати ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ, соҳибкории ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: