ТВТ.27.08.2022. Аз 14 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XVI делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъули баргузории чорабинӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории бозиҳо дар сомонаи расмии Вазорат ва сомонаи Кумита ҷой дода шудааст.
Баргузории чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда шуда, номи пешинааш Пифӣ буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ шуда, танҳо аввали асри XX эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабаб гардид, ки баргузории форуми олии санъат муваққатан қатъ шавад.
Давраи нави Бозиҳои делфӣ соли 2000 оғоз ёфта, бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳо баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишвар буданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»