Дар ҳудуди Боғи «Истиқлол» зиёда аз 7 ҳазор бех дарахтони ороишӣ ва 70 ҳазор дона гулҳои садбарг шинонида шудаанд

ТВТ.20.08.2022. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи «Истиқлол» ва майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ба истифода дода мешаванд. Дар айни замон дар ин майдон корҳои сохтмонию ободонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳудуди боғ зиёда аз 7 ҳазор бех дарахтони ороишӣ ва 70 ҳазор дона гулҳои садбарг шинонида шудаанд.

Сарагрономи майдони Муассисаи давлатии майдони «Истиқлол» Умар Наврӯзов иброз дошт, ки «дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди боғи «Истиқлол» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат дода, дар он баҳри сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад».

Номбурда зикр намуд, ки масоҳати умумии майдон 30 гектар буда, аз ин шумора 16 гектарашро дарахтону буттаҳо, гулҳои ороишию бисёрсола ва майсазорон ташкил медиҳанд.

«Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, шоҳбулути маҳаллӣ, сарви аризонӣ, санавбар, арча, ҷалғӯза, коҷи машҳадӣ, сарвиноз, ақоқиё, дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида шудаанд», — гуфт Умар Наврӯзов.

Ба зикри мавсуф, ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги боғи мазкур ба зебоии шаҳр ҳусну таровати тоза мебахшанд. Зеро сабзазоркуниву гулшинонӣ миёни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандонро ба зебоипарастиву озодагӣ талқин менамояд.Инчунин зикр шуд, ки дар 14 гектар ҳудуди майдон роҳраву иншоот ва майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд шудааст. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою намоишҳои театришуда мутобиқ гардонида шудааст.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мебошад.

Баландии муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрўя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгиранд.

Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омўзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.

Бунёди боғи «Истиқлол» бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» бунёд шуда, зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Бунёди боғи «Истиқлол» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имсол 31-солагии мустақилияти он таҷлил мешавад, шаҳодат медиҳад.

Манбаъ:АМИТ «Ховар»

Tags: