ТВТ.11.08.2022. 10-уми август Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии машқҳои муштараки Узбекистон ва Тоҷикистон «Иттиҳод-2022», ки дар Тирмиз аз 3 август оғоз ёфта буданд, иштирок намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Сафари Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар Ҷумҳурии Узбекистон аз 9 то 10 август идома ёфт.
Ба иттилои сомонаи «Овози Самарқанд», дар қисми низомии гарнизони Тирмиз афсарони тоҷику узбек машқҳои муштаракро амалӣ намуданд. Ҷанговарони тоҷику узбек дар машқҳои амалӣ, аз қабили ҷанг дар масофаи наздик, эвакуатсия кардани ярадорон, зада гардонидани ҳуҷуми душмани тахминӣ иштирок карданд.
Ҳамчунин ба иттилои «Овози Самарқанд», мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Узбекистон қарордод ба имзо расониданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки имрӯз масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ ба сатҳи баланд баромадаанд.
Дар доираи сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии назорати дифои Узбекистон дидан намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»