Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад

Имрӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар мавзӯи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» семинар-машварати омӯзишӣ оғоз мегардад.

Машварати мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Дар семинар намояндагон аз Кумитаи рушди маҳал, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони маҳаллаю ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Темурмалик ва Кӯшониёни вилояти Хатлон иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории машварати омӯзишӣ- ин баланд бардоштани нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал ва саҳм гузоштани шаҳрвандон дар ободонии маҳали зисташон  мебошад.

Машварати омӯзишӣ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, то 23 октябр идома меёбад.

Дар назар аст, ки дар интиҳои даври омӯзишӣ ба иштироккунандагон сертификат  дода шавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: