Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон анҷом ёфт

ТВТ.11.08.2022. Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки 28 июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида буд, 9 август ба анҷом расид. Дастаҳои мунтахаби мардона ва занонаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот бо 12 ва 11-холӣ мутаносибан ҷойҳои 67 ва 78-умро  ишғол намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар олимпиада 800 варзишгар дар ҳайати 188 дастаи мардон ва 162 тими бонувон ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дастаи мардон дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддини Илҳом ва дастаи бонувон дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ, Лидия Антонова намояндагӣ карданд.

Олимпиада дар 11 давр баргузор шуда, миёни дастаҳои мардона дастаи Узбекистон ҷои аввал, Арманистон ҷои дуюм ва Ҳиндустон ҷои сеюмро гирифтанд.

Дастаи мунтахаби мардонаи кишвар дар 11 бозӣ бар дастаҳои Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия (4:0), Қазоқистон (2,5:1,5), Суринам (4:0), Ҳаитӣ (4:0), Эстония (2,5:1,5) ғалаба карда, бо дастаҳои Сингапур (2:2), Ирланд (2:2) мусовӣ бозӣ карда, аз дастаҳои Словакия (1,5:3,5), Белгия (1,5:2,5), Андора (1,5:3,5) ва Чилӣ (1,5:2,5) мағлуб гардид. Дар натиҷа бо 12 хол ҷои 67-умро ишғол намуд.

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар тимҳои Арабистони Саудӣ (4:0), Барбадос (4:0), Суринам (4:0), Тайпейи Чин (4:0) пирӯз шуда, бо Исландия (2:2), Нигерия (2:2), Боливия (2:2) мусовӣ бозӣ кард, вале аз тимҳои Ҳиндустон (0:4), Қирғизистон (0:4), Ирландия (0:4) ва Дания (1,5:2,5) мағлуб шуда, бо 11 хол ҷои 78-умро ишғол кард. Миёни бонувон Украина ғолиб, Гурҷистон дуюм, Ҳиндустон сеюм шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Надежда Антонова аз 10 бозӣ 8 имтиёз ба даст оварда, меъёри “Устоди дараҷаи байналмилалии занона” (WIM)-ро соҳиб гардид. Ҷалолиддин Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола аз 9 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, соҳиби унвони “Устоди FIDE” (FM) гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: