Ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гузашти марҳилаҳои давр бо назардошти афзун гардидани маҳву аз миёнрабоии фарҳангу тамаддунҳо дар равиши як даҳаи охир, масоили арзишҳои ҳастӣ ва мавҷудияти буду боши қисме аз кишварҳои оламро зери шубҳаву ногузир гузошта, фаъолияташонро дар масири таърих гаронтару мушкилтар менамояд. Зеро гузашти равишҳои башарӣ аз давраҳои дури дур то ба ин замонҳо собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ, бидуни соҳибистиқлолии комил моҳияти устувору арзишҳои бунёдӣ надорад.
Саҳфаҳои таърих дар тўли садсолаҳо борҳо собит намудааст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикану эҳё шуданро аз сар гузаронида, баъд аз ҳар як шикасту ноомадиҳо, камолоти афзунтареро соҳиб гардидааст. Дар ин масир равишҳои зиндагӣ ва таҷрибаҳои таърихи навини миллиамон бо асноду далоили воқеӣ нишон дод, ки барои расидан ба истиқлоли сартосарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фарзонафарзандонаш якчанд монеаҳои бартарафнашавандаи сангинро паси сар намудааст…
Албатта воқеияти аслӣ бо таваҷчуҳ ба боварии ҷонибҳо ва болотар аз ҳама манофеии миллату Ватанро авлотару муқаддас шумориданҳо, тавонист моро дар ин самт комёбу муваффақтар гардонад. Бо тавзеҳи ин нуктаҳои арзишманди таърихӣ, таъкидан ёдовар шудан ба маврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нуги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои баланди фарҳанги азалӣ, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва мемонанд….
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи аввали соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, ин қабули Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Ин санади тақдирсози миллӣ заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварда, кишвари моро дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардонид. Ташаккули марҳилаҳои нави таърих ва сабақи ибатомўзи он собит намуд, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рўзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва мавқеи хоса пайдо намуд. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон, яке аз руйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.
Албатта бо дарки воқеияти рўз, ҳаёти иҷтимоии кишвар дар давоми 31- соли соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ давра ба давра ҳалли худро пайдо намуданд. Таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари воҳиди истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти миллии рў ба тараққӣ мубаддал гардид. Гузашти давраҳои пурифтихор ва хидматҳои фарзандони тавонманди миллат, махсусан даврони ташаккулёбии ду даҳсолаи охир боиси омўзиш ва қадршиносии ҳар яки мо буда, роҳи ояндаро бароямон бозкушоӣ менамоянд.
Дар ин давра, таҷлили пуршукуҳи қисме аз ҷашнҳои арзишманд ва ҳамчунин бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ бори дигар имкон фароҳам сохт, ки решаҳои устувори худро аз гузашта дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намоем. Бо саодати шукри соҳибистиклолӣ пешниҳоду ибтикороти сатҳи байналмилалӣ, дар чанд давраҳои гуногун тавонист кишвари моро ба сифати як кишвари пешоҳангу пештоз дар ҳалли масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ номвару номбардор гардонид. Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидоятҳои фарзанди абармарди раҳнамунсоз, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳони пайдо карда, набзи миллату давлати мо ба набзи сайёра баробару ҳамсадо карда шуд. Ногуфта намонад, ки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори 4 эъломияи марбут ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабулу шинохта шуд, эътирофи оламиён гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозии махсуси миллати тоҷик аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ўро аз миёни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд, ки тамоми онҳо давлатҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, ин интихоб намуд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озоду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ба камол расида рўи саҳнаи зиндагӣ омада, бо эътимоду бовории қавӣ метавон афзуд, ки дар оянда низ парчамбардори давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд гардид. Бо дарки моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои миллӣ тарѓибу таблиѓ, васфу сифот ва тараннуми ин санаи муборакро дар миёни ҷомеа ва тору пуди ин насли ватандўсту ватанпарвар мебояд аз ҳарвақтаи дигар бештару зиёдтар ба роҳ монем, зеро Истиқлол: шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқи тоҷикон, рамзи саодату шарти бақои миллат, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, санаи сарнавиштсозу муқаддас,амалисозии ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳамчунин василаи омўзиши таҷрибаи пешқадами аксари кишварҳои олам шинохта шудааст.
PS:Дар ҳақиқати ҳол, рушду пешрафти суръатноки бахшҳои муҳими ҳоҷагии халқ ва фароҳамсозии чунин як имконияту шароити мусоиду арзанда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро дар самти расидан ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланди созандагӣ бештару зиёдтар менамояд.
Каримзода Ҳақназар Изатулло,
муовини директори Академияи
ВАО-и Тоҷикистон