ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Пагоҳ роҳбарияти Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази исломшиносӣ нишасти матбуотӣ доир менамоянд

15 феврал Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Вазорати молия соати 09:00 дар толори Вазорат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур  нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо хабарнигорон соати 09:00 дар бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор мешавад.

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ соати 11:00 ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 28 январ оғоз гардида, пагоҳ, 15 феврал ба анҷом мерасанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: