ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз даври охирин дар раддабандии беҳтарин дастаҳои ҷаҳон дар ҷойи 65-ум қарор дорад

ТВТ.10.08.2022.  8 август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон даври 10-уми Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот баргузор гардид. Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон аз Чили бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрда, бонувони кишвар бо Нигерия мусовӣ — 2:2 бозиданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби мардона Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев бозиашро мусовӣ анҷом дода, Меҳриддин Шарифов пирӯз шуд, вале Илҳоми Ҷамолиддин ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев мағлуб гардиданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот 10 бозӣ анҷом дод — 5 пирӯзӣ, 1 мусовӣ, 4 бохт ва дар раддабандии беҳтарин дастаҳои ҷаҳон дар ҷои 65 қарор дорад.

Аз миёни бонувон дар даври 10-ум Надежда Антонова дар бозии худ пирӯз шуд, Сабрина Абророва ва Рухшона Саидова мусовӣ карданд ва Мутриба Ҳотамӣ мағлуб гардид. Дастаи занонаи Тоҷикистон 10 бозӣ анҷом дод: 4 ғалаба, 2 мусовӣ, 4 бохт ва дар ҷойи 77-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи занонаи кишвар аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0:4 ва дар даври дуюм Қирғизистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Дар даври сеюм бонувони кишвар бар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 ва дар даври чорум бар Барбадос — 4:0 ғалаба ба даст оварданд. Онҳо дар даври панҷум бо Исландия мусовӣ карданд — 2:2. Дар даври ҳаштум дастаи занонаи Тоҷикистон Тайбейи Чинро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда, дар даври нуҳум аз Дания шикаст хӯрд — 1,2:2,5.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон бар тими ҷазираҳои Вирҷинияи Британия бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Онҳо дар даври навбатӣ бар Қазоқистон бо ҳисоби 2,5:1,5 ғалаба карда, дар даври сеюм аз Словакия бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб шуданд. Дар даври чорум дастаи мардонаи кишвар аз Белгия бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрда, дар даври панҷум бар Суринам (4:0) пирӯз ва дар даври шашум аз Андора (0,5:3,5) мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳафтум бар Ҳаитӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба ба даст оварда, дар даври ҳаштум бо Сингапур мусовӣ кард — 2:2. Дар даври ҳаштум онҳо Эстонияро бо ҳисоби 2,5:1,5 шикаст доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Олимпиадаи 44-уми умумиҷаҳонии шоҳмот дар Ҳиндустон миёни мардон 188 даста ва байни занон 162 даста ширкат доранд. Дастаҳои мардона ва занона 4 бозигари асосӣ ва 2 бозигари эҳтиётӣ доранд.

Пеш аз даври охирин, ки имрӯз, 9 август баргузор мешавад, дар раддабандии беҳтарин дастаҳои ҷаҳон се ҷойи аввалро дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Арманистон ва Ҳиндустон ишғол мекунанд. Нишондиҳандаи асосӣ барои муайян кардани ҷойҳо ҷамъи холҳои дастаҳо мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: