«Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон»- таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавони Тоҷикистон оид ба ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нашриёти «Эр-граф» ба нашр расид.
Китоби «Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон» 74 мақолаи олимони ҷавони Тоҷикистонро оид ба дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фаро мегирад.
Маҷмӯа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия ва бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб нашр гардида, армуғони хубе барои олимони ҷавони Тоҷикистон аст.
Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсис ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, неруи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Таъсиси Стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат намунаи хуби дастгирии ҷавонон ва олимони ҷавони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамасола ҳудуди 50 нафар ҷавонони кишвар барандаи ин стипендия мегарданд.
Бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар зери партави сулҳу дӯстӣ ва амониву якдигарфаҳмӣ дар назди Ҳизби мазкур ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шудааст, ки он ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои он, иштироки фаъолона дар маъракаҳои гуногуни сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм, ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳо фаро гирифтани онҳо фаъолият мекунад.
Аз маҷмӯа хонанда нигоҳи замонавии ҷавонони кишварро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва инъикоси хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ва пешрафтаю шукуфо хоҳад дарёфт.
АМИТ "Ховар"