Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 2 феврали соли 2018 хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи кӯҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, имконият фароҳам оварда шуд, то дар қаламрави Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дастрас намоянд.
Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулии Сафорат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
— маълумотномаи тиббӣ;
— нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ;
— шаҳодатномаи ронандагӣ;
— расиди пардохти маблағ ($100).
Муҳлати омода гардидани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 14 рӯзи кориро дар бар мегирад.
Бартарияти шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар он аст, ки дорандаи он метавонад бо супоридани 3 имтиҳон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия гардад:
1) назарияи қоидаҳои ҳаракати роҳ;
2) рондани автомобил дар майдони махсус (автодром);
3) рондани автомобил дар шаҳр.
Шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи нави биометрӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, муҳлати истифодаи он 10 сол аст.
Дорандаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ метавонад онро дар қаламрави 166 кишвари дунё истифода барад.
АМИТ "Ховар"