Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо доир ба баргузории Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон тасдиқ гардид

ТВТ.10.08.2022.  Аз 11 то 15 августи соли равон бори нахуст дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо вобаста ба баргузории мусобиқа тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон бахшида ба таҷлили ҷашни 31–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида, мақсад аз он ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бадминтони Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 писар ва 6 духтар, дар маҷмӯъ 12 нафар намояндагӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки бадминтон яке аз бозиҳои қадимии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, намуди варзиши олимпӣ мебошад. Дар бадминтон ду бозингар ё ду даста иборат аз ду нафар бо ҳам рақобат мекунанд. Мутахассисони соҳаи варзиш бадминтонро ба гурӯҳи варзиши неруталаб шомил карда, дар он ҳушёрӣ ва зеҳни хуб доштани варзишгарро ба назар мегиранд.

Дар аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе ҷавонони аз 15 то 17-сола иштирок мекунанд.

Дар мусобиқа бадминтонбозони беҳтарин аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки макони баргузории мусобиқаи мазкур «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: