Масоили пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия, аз ҷумла дар самти ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисод ва энергетика, инчунин дар мавзӯи мубориза бо таҳдидҳои муосир зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва вакили мардумии Ассамблеяи миллии Франсия (палатаи поёни Парлумон), муовини Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Франсия Тиеррӣ Мариани баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
«Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ низ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд», — гуфта мешавад дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон дар Франсия.
Тавре иттилоъ дода мешавад, мулоқот рӯзи 7 декабр дар доираи сафари муовини Вазири корҳои хориҷӣ ба Париж ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Франсия баргузор гардидааст.
АМИТ «Ховар»