Аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар баробари 401,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ба 401,5 миллион доллари ИМА баробар гардидааст.
Тавре аз Хадамоти матбуотии вилоят хабар доданд, дар ин давра ба маблағи 14,9 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ,аз ҷумла 80527 тонна пиёз ва 37941 тонна хушкмева содирот карда шудааст.
«Дар маҷмӯъ зиёда аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба содирот бароварда шуда, ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар сохтори воридоти давлатҳои дӯсту бародар- Федератсияи Русия ва Қазоқистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ин қадами устувор барои ворид шудан ба сегменти кишоварзии бозори истеъмолии ин давлатҳо буда, барои зиёд намудани саҳми ҷумҳурӣ дар ин сегментҳо заминаҳои устувор фароҳам меоварад»,-иттилоъ дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: