Ҳайати меҳмонон аз боғи Парчами давлатӣ, осорхонаи миллӣ ва “Кохи Наврӯз” боздид ба амал оварданд.

ТВТ.10.06.2022. 9-уми июн ҳайати меҳмонон иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Ҳайати меҳмонон нахуст ба боғи Парчами давлатӣ ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи боғ меҳмононро чун анъанаи хоси тоҷикон бо мусиқӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метра бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе, парафшон гардида буд.

Сипас меҳмонон ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварда, бо расму оин ва анъанаҳои мардуми тоҷик, инчунин таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик шинос шуданд.

Меҳмонон ҳамчунин аз “Кохи Наврӯз”, ки бошукуҳтарин маҷмааи фарҳангӣ дар пайтахт мебошад, боздид ба амал оварданд.

Кохи Наврӯз аз 15 толори хурду бузург иборат аст. Толори “Дидор” дар ошёнаи якум ҷойгир буда, масоҳаташ ба 916 метри мураббаъро баробар аст. Шифти  толор пурра бо чӯб кандакорӣ гардида, деворҳояш гаҷкорӣ ва шишабандӣ шудаанд.  Фарши толор бо санги хоро ороиш ёфтааст.

Бузургтарин толор дар Кохи Наврӯз толори “Гулистон” мебошад, ки он дар ошёнаи дуюм  ҷойгир буда, пурра бо чӯб ороиш ёфтааст. Сутуну дарҳои зебои толори “Гулистон”, ки аз ҷониби устоҳои тоҷик кандакорӣ шудаанд ҷозибаи махсус доранд.

Толори “Аржанг”- аз дигар толорҳо ба куллӣ  фарқ мекунад.Он аз  санг сохта бино ёфтааст.  Дар толор номгӯи   сангҳои  қиматбаҳои  сарзамин амсоли  лоҷуварду  лаълу ёқут,   яшми сабз, мармари сафеду сурх ва дигар сангҳои тобони ороишӣ аз мантиқи гуногуни мамлакат оварда шудаанд.

Толори “Зарандуд”. Ин толорро толори сафед низ мегӯянд, зеро он муҷалло ва сафед мебошад. Толори “Зарандуд” бо санъати оинабандӣ дар омехтагӣ бо гачкорӣ ва маҳорати баланд ҳунармандӣ ороиш ёфта, дар он сангҳои гуногуни ороишӣ низ истифода гардидааст. 

Муаллиф: Зоҳир Олимӣ

Tags: